Дар Душанбе оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023» муҳокимаи парламентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар 9 моҳи соли равон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Таъкид шуд, ки мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 36 ва 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ»-ро қабул ва ҷараёни иҷрои онро назорат менамояд. Яке аз роҳҳои баамалбарориии чунин назорат баррасию таҳлили ҳамаҷониба тавассути муҳокимаҳои парламентӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди босуботи мамлакат маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти ташаккули Буҷети давлатӣ вобастагӣ дошта, иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ ба таври зарурӣ амалӣ гардад.
Аз рӯи ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ баъди саволу ҷавоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулини соҳа ва музокираҳо бо назардошти таклифу эродҳо тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






