Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 30, 2023 10:31

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар бахши китоби назм ҷои якум ба китоби  «Меҳвари меҳр»-и  Раҳмат Назрӣ (нашриёти «Адиб»),  ҷои дуюм ба китоби «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб»)  ва ҷои сеюм ба Исмоил Зарифӣ барои таҳияи 3 китоби назм аз шеъри Эрон- «Ҳафт китоб», «Девони ғазалиёт» ва «Куллиёт» (ҶДММ «ЭР — граф» – 2023) сазовор дониста шуд.

Дар бахши китоби наср ҷои якумро китоби «Барфи хунолуд»-и Сироҷиддин Икромӣ (нашриёти «Адиб»),  ҷои дуюмро китоби  «Два цвета осени»-и Мансур Суруш (нашриёти «Шарқи озод») ва ҷои сеюмро «Нома ба бародар»-и Латофат Кенҷаева (ТҶБ «Истиқбол» Душанбе – 2023) соҳиб шуданд.

Дар бахши асарҳои публисистӣ ҷои якум ба китоби «Достони Нозкӯл»-и  Ҷонибеки Асрориён (ҶДММ «Балоғат»),  ҷои дуюм ба китоби «Касбият, садоқат, ҷасорат»-и Далер Абдулло (нашриёти  «Шарқи озод»), ҷои сеюм ба  китоби «Бонувони Тоҷикистон»: чеҳраҳо, истиқлолият» (нашриёти «Шарқи озод») дода шуд.

  Дар бахши асарҳои назми бачагона ҷои якумро китоби Ато Ҳамдам «Чароғи раҳнамо» — барои асарҳои драматургӣ (ҶДММ «ЭР — граф» — 2023), ҷои дуюмро китоби  «Яхши бола қандай бӯлар?..»-и Султонмурод Ҳожибоев («Ношир» — 2023),  ҷои сеюмро асари «Афсонаи қалам»-и Анӯшервони Алишер (ТҶБ «Истиқбол» Душанбе — 2023) гирифтанд.

Дар бахши асарҳои насри бачагона ҷои якум ба китоби «Гавазн ва шикорчӣ»-и Маҷид Салим, («Адабиёти бачагона»),   ҷои дуюм ба «Қиссаи гови алои момои Шарифамоҳ»-и  Муродалӣ Собир (ҶДММ «Бебок») ва ҷои сеюм барои таҳқиқи жанри эстрада ба китоби «Сароянда ва мусиқии эстрадӣ»-и Алихон Маҳмадов (ҶДММ «Сифат чоп») дода шуд.

Дар бахши асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҷои якум ба китоби  «Бегуноҳнинг ӯлими»-и Амонбой Жуманов ва Кароматуллоҳ Мирзо (ҶДММ «ЭР — граф» – 2023), ҷои дуюм ба «Афсонаҳои халқи тоҷик, Таджикские народные сказки 4-5» (Нашриёти «Адабиёти бачагона») ва ҷои сеюм барои маҷмуи мақолаҳои «Ифтихори ватандорӣ» ба Носирҷон Маъмурзода (ҶДММ «Матбаа» –и  шаҳри Бохтар) дода шуд.

Инчунин барои иштирок дар озмуни «Китоби сол — 2023» китобҳои зерин:  «Ёди модар…»-и Амир Сайиди Мункӣ (ҶДММ «Балоғат»- 2023), «Кӯзаи нақшин»-и Рухшона Мирзоева (ТҶБ «Истиқбол», Душанбе – 2023),  «10 барг орзу»-и Сунатулло Одинаев (ТҶБ «Истиқбол», Душанбе – 2023) бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тиҷикистон

Ноябрь 30, 2023 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст