Дар Хатлон ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 29, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр Раиси вилояти Хатлон    Давлаталӣ Саид бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва  «Лоиҳаи «Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа» идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шуданд.

Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳволии оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Гуфта шуд, ки барои сайқал додани малакаи ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ҳадаф аз фаъолият дар ин самт омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин вобаста ба ғизои солими модару кӯдак барномаи алоҳида фаъолият менамояд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.

Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, ки “14 сол мешавад дар ин созмон кор менамоям. Албатта, мо метавонем дар робита ба ғизои силими модару кӯдак, таҳсили фарогир, ҳодисаҳои фавқулода, тағйирёбии иқлим ва  мушкилоти экологӣ бо шумо ҳамкории бештар намоем”.

Ҳамзамон барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фарох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ҳоло низ якчанд нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд, ки давоми соли равон метавонем ба он мусоидат намоем.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки “боварӣ дорам Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар оянда низ вилоятро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ бештар дастгирӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят саҳми арзанда мегузорад”.

Раиси вилоят ва намояндагони шарикони рушд изҳори умедворӣ намуданд, ки ин ҳамкорӣ ба беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти дар соҳаҳо ҷойдошта мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 29, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ