Дар Хоруғ чоҳи амудӣ ва 5 нуқтаи хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Хуфаки»-и шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани чоҳи амудӣ ва 5 нуқтаи хати оби нӯшокӣ барои сокинони кӯчаи Мирсаид Миршакар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Нигини Хоруғ» иттилоъ медиҳад.
Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» амалӣ гардида, бо маблағи беш аз 888 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод гардид.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид






