Дар ин лаҳзаҳо ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян мегарданд

Ноябрь 15, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён таъкид намуд, ки соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ) доир мегардад ва муҳимтар аз ҳама, озмуни имсола чеҳраҳои навро муаррифӣ намуд.

Дар ин лаҳзаҳо гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсияҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар даври якуми озмун дар ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюм 3506 нафар роҳ ёфтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд.

Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид.

Соли равон ба Низомномаи озмун якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардид ва он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор шуд. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор гардид. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор гардид.

Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод.

Ёдовар мешавем, ки озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок ва ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 муайян шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид
«ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имрӯз ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ мешаванд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ-СИМОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври сеюми озмун соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
«ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ». Истаравшан ба ин унвони байналмилалӣ сазовор гашт
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Аз шаҳри Душанбе 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт