Дар Кӯлоб нақши воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ намуданд

Ноябрь 11, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар конференсия таъкид гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Иброз карда шуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён мебошад.

«Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат, бояд воситае бошад байни ҷомеаи шаҳрвандиву ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Матбуот қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намояд»,-изҳор гардид дар ҷамъомад.

Сипас дар конференсия доир ба «Амнияти иттилоотӣ ва нақши ВАО: ҳақиқат ва қиёс», «Воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва дигар мавзуъҳои ба ин масъала дахлдор маърӯзаҳо ироа гардида, гуфта шуд ки «ҷанбаи созандагии воситаҳои ахбори омма дар он ифода меёбад, ки соҳаҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам оварда, онҳоро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Инчунин имконияти фаровон дорад, ки дар самти ташаккули шахсиятҳои комилу созандаи ҷомеа нақши муҳим бозида, ҳамзамон ҳар як фардро алоҳида дар рӯҳияи ватандӯстӣ, посдории асолатҳои миллӣ ва меҳнатпарварӣ тарбия намояд».

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 11, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд