Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд

Ноябрь 27, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Виннипег, маркази маъмурии музофоти Манитоба дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар  ҳалок ва ду нафар захми вазнин бардоштаанд. Дар ин хусус рӯзи якшанбе полиси маҳаллӣ хабар додаст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

Тибқи гузориши матбуотии полис, полисҳо ба ҷои ҳодиса омада, панҷ нафарро пайдо намуданд.

Марду зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се осебдида ба беморхона интиқол дода шуданд, ки яке аз онҳо дертар вафот намуд, ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд