Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он 250 нафар намояндагону кормандони сохторҳои гуногуни мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона хабар медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки «мо ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6 ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегирем, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад».
Ҳамзамон дар ҷаласа иброз гардид, ки бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар шудааст.
Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, инчунин пуштибонии мардуми Тоҷикистон дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин шуд.


Фазои орому осоиштаи мамлакат барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард. Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, роҳи оҳани Тоҷикистон низ тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем. Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат – аз хурд то бузург мебошад. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар менамоянд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ҳар шаҳрванди диёр, бахусус роҳиоҳанчиёни бонангу ор бояд дар оянда низ саъю кӯшиш намоянд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар оила саҳми арзишманд гузоранд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






