Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Президент ҷамъомади идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки масъулин ва ҳайати кормандони ин корхона ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид шуд, ки 6 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омаданд ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Пас аз Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурмаҳсули худро оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.
“Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 инҷониб дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мардуми мамлакат онро бо сарбаландӣ ва ифтихор таҷлил менамоянд”,-таъкид гардид дар ҷамъомад.
Гуфта шуд, ки аз рӯзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян ва дармамлакат сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

















Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад






