Дар мавзеъҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Хоруғ корҳои бехатаргардонӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади паст намудани хатари офатҳои табиӣ ба аҳолӣ, махсусан сангрезӣ ва сел, ҳамзамон омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар мавзеъҳои наздик ба маҳаллаҳои Сайфулло Абдулло, Баракат, Носири Хусрав ва маҳаллаи Олимназари Холиқназари шаҳри Хоруғ корҳои бехатаргардонӣ анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарияти лоиҳа бо маҳаллаҳои осебпазир ва мавзеъҳои хатарноки шаҳр шиносоӣ пайдо намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ин иқдом дар дигар мавзеъҳои хатарнок низ то охири сол идома дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар доираи татбиқи тавсияҳои Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 30 давлати Осиё, намояндагони дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, ба масъалаи ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






