Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш ва роҳпаймоӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону хонандагон ҳамоиш ва раҳпаймоӣ доир гардид, иттилоъ дод мухбири АМИТ «Ховар».
Дар оғоз директори муассиса Меҳрангез Зуҳурзода вобаста ба нақш ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мактабу маориф сухан гуфта, зимнан иброз дошт, ки «дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми ҷумҳурӣ, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд».
Бо баракати истиқлоли давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик имрӯз ҳаёти осоишта ба сар бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ мегарданд.
Дар идома роҳпаймоии хонандагон доир гардида, ҳамчунин дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватан, хештаншиносӣ ва сулҳу дӯстӣ шеърҳо қироат шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






