Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш ва роҳпаймоӣ доир шуд

Ноябрь 16, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону хонандагон ҳамоиш ва раҳпаймоӣ доир гардид, иттилоъ дод мухбири АМИТ «Ховар».

Дар оғоз директори муассиса Меҳрангез Зуҳурзода вобаста ба  нақш ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мактабу маориф сухан гуфта, зимнан иброз дошт, ки «дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми ҷумҳурӣ, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд».

Бо баракати истиқлоли давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик имрӯз ҳаёти осоишта ба сар бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ мегарданд.

Дар идома роҳпаймоии хонандагон доир гардида, ҳамчунин дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватан, хештаншиносӣ ва сулҳу дӯстӣ шеърҳо қироат шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд