Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид

Ноябрь 13, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 42-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҷеъ ба 30-солагии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ва таъсиси Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО ёдовар шуда, нисбат ба расидан ба дастовардҳои нави ҳамкории Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти Созмон изҳори умеду боварӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ҳамзамон иштирок дар Конфронси сеюми об, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард