Дар шаҳри Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нақши тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Инчунин зимнан аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти кишварамон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ таъкид шуд.
Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.
Дар навбати худ иштирокдорони чорабинӣ ба рушди Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мамлакат андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






