Дар Суди Олӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки «таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти хосса ва муҳим дорад. Таҷлили ин рӯз маънои эҳтиром гузоштан ба шахсияти таърихии барҷастае аст, ки тамоми ҳастии худро барои ободии мамлакат ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, инчунин нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад».
Воқеан, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати миллӣ, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ягона ва дунявӣ дар Тоҷикистон, барқарор ва таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими низоми судии ҷумҳурӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ниҳоят бузург мебошад.
Дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ бо эътирофи тарзи давлатсозии мо иброз намудаанд, ки «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».


Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президент ҷашне аст, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Нақши институти президентӣ дар давлатдории миллӣ», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Нақши роҳбари давлат дар таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии ҷумҳурӣ» ва «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.
Иброз гардид, ки сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки мақом ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Имрӯзҳо Ватани азиз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати фаъолу ташаббускору пешрафта шинохта шудааст. Ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон мансуб ба ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, низоъангезӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонуниии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, инчунин масъалаҳои глобалии иқтисодӣ ва экологӣ ба ҷаҳониён расонида мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон чунин ҷамъомадҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ баргузор шуданд.
Ҳамзамон биноҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






