Дар вилояти Суғд ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногуни вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Сокинон аз ду самти хиёбон дар даст Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ роҳпаймоӣ намуда, дар майдони Парчами давлатӣ сарҷамъ шуда, дар ҳамоиши идона иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд эҳтиром ба Парчами миллӣ- ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба руҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ, тавоноиву нерумандӣ ҳидоятгар мебошад.


Мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.
Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси филояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






