Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ доир гардид

Ноябрь 28, 2023 11:37

ДУШАНБЕ, 28. 11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид, ки дар он беҳтарин навъҳои чорво ба намоиш бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-намоиши чорвои зотӣ, пеш аз ҳама, зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ мебошад.

Соҳаи чорводорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, гӯшти моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, ба нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, зиёд намудани чорвои зотӣ, тухми инкубатсионӣ, моҳии хушзот, занбӯри асал, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  аз 1 марти соли равон қабул гардид, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, гӯшти моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.

Ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 755 ҳазору 769 сар, чорвои майда- 1,8 миллион сар, паранда- 5,7 миллион сар ва асп- 9 ҳазору 119 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан чорвои калон 31 ҳазору 888 сар, моли майда 84 ҳазору 788 сар ва асп 296 сар зиёд гардидааст.

Дар  Фестивал-намоиши чорвои зотӣ ба чорводорони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 28, 2023 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд