ДАРАХТ БИНШОН! Ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ мегирем

Ноябрь 11, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, то аввали фасли баҳор идома меёбад. Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, ниҳолшинонӣ 3 марҳиларо дар бар мегирад: тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор. Дар арафаи фарорасии мавсими нави ниҳолшинонӣ АМИТ «Ховар» пешниҳоди тавсияҳои коршиносони соҳаро доир ба тартиби дурусти шинонидани дарахтон дар ин давра муфид мешуморад.

Тавре масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, аз лаҳзаи хазонрез шудани дарахтон дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, дар фасли зимистон танҳо дар ҳолати гармии ҳарорат шинонидани ниҳол мумкин аст.

Таъкид гардид, ки ниҳоли ба стандарт ҷавобгӯ бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ таваҷҷуҳи бештар бояд дод. Дар ҳолати шинондани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад. Боғдорону хоҷагидорон метавонанд ниҳолҳоеро интихоб намоянд, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй буда, аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо озод бошанд. Бояд баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш мешаванд, аз 110 то 150 сантиметрро ташкил диҳад. Қутр, яъне ғафсии он аз 15 то 25 милиметр бошад. Ҳамчунин решаи ниҳолҳо нағз инкишоф ёфта, аз 3-4 шохаи асосӣ бояд иборат бошад.

«Барои аз ниҳолҳои шинонида ҳосили баланд гирифтан бояд ба тарзи буриши шохҳои он аҳамият дод. Зеро шохҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеа эҷод менамоянд. Бинобар ҳамин чунин шохҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол дар мавсими зимистон зарур аст, ки шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав 25-30 сантиметр монда шавад, ки ин ба инкишофи шохаҳои нав мусоидат мекунад. Пас аз буридани навдаҳо бояд дар ҷойҳои бурида оҳак молида шавад, зеро ин кор навдаҳоро аз ҳашароти зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойҳои буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад»,- маслиҳат медиҳанд коршиносон.


Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал, бино ба ақидаи коршиносон, ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.

Ниҳоят зарур аст, ки боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Масалан ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд. Ҳамзамон истифодаи усули обмонии қатравӣ беҳтарин усул ва ба манфиат аст, зеро он то 60 фоизи талаботи ниҳолро бо об таъмин менамояд.

Парвариши хуби ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як минтақа вобаста аст. Масалан дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта, дар минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ, нок, дар шароити табиии вилояти Суғд, ки бориш начандон зиёд аст, парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.


Ба гуфтаи олимони тоҷик, дар минтақаи Тоҷикистони Марказӣ тамоми намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, сарв (ҳамешасабз, саври аризонӣ), намудҳои гуногуни санавбар, фотиния, ликвидамбар, намудҳои гуногуни магнолияи бунафш, аз буттагиҳо- шамшод, нормушк, бирючина, гули ёси муқаррарӣ, ёси арабӣ ва дар маҷмуъ тамоми дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда мешавад.

«Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат иқлимаш гарму хушк мебошад, хусусан аз ноҳияи Кӯшониён то Панҷи Поён бештар парвариши ниҳоли дарахтони чинор, шумтол, павлония, булут, каталпа, заранг ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, ки иқлимашон нисбатан сардтар аст, парвариши ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, сафедор ва ғайра афзалият дода мешавад. Дар маҷмуъ, шинонидан ва парвариши ниҳоли дарахтони баргдори сояафкан ба ғайр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи мақсад аст»,- мегўянд онҳо.

Гуфта шуд, ки санавбари элдарӣ, кӯҳӣ, қримӣ, сиёҳ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон месабзад. Дар иқлими минтақаи Бадахшон бештар ниҳоли дарахти пихта, арча, санавбар, туяи шарқӣ хос аст. Дар шимоли мамлакат- вилояти Суғд, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Шаҳристон, Айнӣ ниҳоли дарахтони пихта, арча, санавбар, туяи шарқӣ хуб нашъунамо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли равон зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектаро ташкил медиҳад. Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех парвариш карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш доданд, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТТИ ТАЙЁР». Дар вилояти Суғд техникаҳои кишоварзӣ ба мавсим омода карда мешаванд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Чин дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
«Амонатбонк» ва Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор медиҳанд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳунармандонро барои дарёфти ин грант ба озмун даъват менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон шуд
Доир ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва имконоти сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид