Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст

Июль 14, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ давоми беш аз 30 сол дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110- киловолта, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35 кВт ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии шиддати паст сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 МВт-ро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба 47,5 МВт расид, яъне 4,7 баробар зиёд гардид.

Баланд гардидани иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ рабт дорад. «Равмед» неругоҳи хурди барқи обие аст, ки бо иқтидори 100 киловатт дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сохта шуда, моҳи июни соли 2025 мавриди истифода қарор гирифт. Ин неругоҳ 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар чор фасли сол бо неруи барқ таъмин менамояд.

Ҳамзамон моҳи июн дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода шуд, ки ин иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолияш 11 мегаваттро ташкил медиҳад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар доираи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон медиҳад, ки 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо намоянд ва ин ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Дарозии сарбанди неругоҳ 65 ва баландиаш 8,5 метрро ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» барои беҳтаршавии таъминот бо неруи барқ ва рушди дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим мебошад. Баъди ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Себзор» 20 мутахассиси маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.

Неруи барқи тавлидшуда дар зеристгоҳи 110-киловолтаи «Себзор» танзим гардида, тавассути хати интиқоли барқи 110- киловолтаи Себзор-Хоруғ ба дарозии 18 километр ба шабакаи умумии барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мешавад.

Татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037 тавассути таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя, татбиқи технологияи муосиру инноватсионӣ ва дар ҳамин замина бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таъмин карда мешавад.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар доираи амалигардонии барномаи иқтисоди «сабз» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон далели ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии дигаргуншавии иқлим ва дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди энергияи «сабз» арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 фоизи таъмини неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия амалӣ мегардад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои пешсаф дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон 100 фоизи таъмини неруи барқ ба аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ҳисоби чунин манбаъҳо, аз ҷумла неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ амалӣ мегардад.

Неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бдахшон дар доираи сиёсати энергетикии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими таъминоти устувори барқ дар вилоят бунёд гардида, дар роҳи рушди иқтисодии минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ қадами муҳим арзёбӣ мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 14, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»