Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷони Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ҳайати Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷон ҷонибҳо оид ба табодули таҷрибаи донишҷӯёну олимони ҷавон барои идомаи таҳсил дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура PHD ва оид ба такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Инчунин меҳмонон бо факултети забонҳои шарқи донишгоҳ, ки аз рӯи ихтисоси забони чинӣ мутахассис омода менамояд, шинос шуда, ба раванди таълим ва сатҳи донишомӯзии донишҷӯён баҳои баланд доданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд






