Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон олимони варзидаро ба таълифи китобҳои дарсӣ даъват менамояд

Ноябрь 15, 2023 08:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён,  ҳамзамон таъмин намудани онҳо бо маводи таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони варзидаро ба ҳамкорӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.

Хоҳишмандон аз вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи миллии таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, ҳамчунин шахсоне, ки таҷрибаи таълифи китобҳои дарсӣ доранд, метавонанд ҷиҳати бастани шартнома ба раёсати донишгоҳ муроҷиат намоянд.

Илова бар ин, китобҳои таълифшуда аз ҳисоби раёсати донишгоҳ ройгон интишор гардида, ба муаллифон ҳаққи қалам (гонорар) дода мешавад. Дархостҳо ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ то 30 ноябри соли 2023 қабул мешаванд. Рӯйхати фанҳое, ки бояд аз рӯи онҳо китоби дарсӣ навишта шавад, замима мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барои пайдо намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 ва бо телефони 2242012 муроҷиат намоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 15, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд