ЭКСПО 2023-РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 15, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Koтиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид-Занон, инчунин вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар доираи ЭКСПО 2023 — рушди соҳибкории занон: шарикӣ ва имконияти рушд иштирок намуданд.
Дар маросими расмии форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториëн, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои бонуфуз дар Тоҷикистон иштирок ва сухан намуданд.

Матлубахон Сатториён нахуст ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки дар марҳилаи соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба мақому манзалати занон яке аз самтҳои сиёсати муҳими давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб мешавад. Имрӯз -занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон, пос доштани арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бо камоли масъулият адо менамоянду сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Илова бар ин давлату Ҳукумати мамлакат барои тақвият додани манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсонии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «занон дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».

Имрӯз занони тоҷик қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузор мебошанду дар иқтисодиёти мамлакат низ саҳми бориз доранд. Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Дар мамлакат барои рушди устувори иқтисодӣ дастгирии фаъолияти соҳибкорзанон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ амалӣ гардид.

Баён гардид, ки соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ саҳм мегузоранд. Бо мақсади дастгирӣ ва таъмини рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, аз ҷумла мусоидат ба фаъолияти муассири занони соҳибкор барои пайгирӣ ва ҳали масъалаҳои соҳа тадбирҳои амалӣ андешида шуда, майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ фароҳам оварда шудааст.

Қабули қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз 28 январи соли 2021 «Дар бораи дастгири ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 ва 30 апрели ҳамон сол «Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» барои беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии занон шароити мусоид фароҳам меорад. Ин санадҳо рушди соҳибкории занонро низ дар бар гирифта, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди худмашғулиятӣ ва дигар самтҳо равона шудаанд. Ҳиссаи занони соҳибкор вобаста ба маълумоти аввали сол, 23 фоизи шумораи умумии соҳибкорони мамлакатро ташкил дода, қариб 15 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занон мебошанд, ки солҳои охир ба тадриҷ афзоиш меёбад. Тавсия бахшидан ба раванди иштироки занон дар рушди иқтисодии мамлакат, зиёд намудани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону духтарони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошад, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ мегарданд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 ба 2,4 маротиба баробар аст. Умуман дар панҷ соли охир қарзи ба занон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил додааст. Рақамҳои баёнгардида гувоҳи равшани фаъоли будани занон дар иқтисодиёти мамлакат мебошанд.

Корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Барзудӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот, ки ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ нигаронида шудааст, шумораи занони соҳибкор тамоюл ба афзоиш дорад. Агар ба рақамҳои мушаххас назар намоем, ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 349 ҳазор соҳибкор сабти ном шудаанд, ки аз ин шумора 80 ҳазорро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон иштирокдорони дигари ҳамоиш тазаккур доданд, ки аз оғози давлатдории навин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра барои занону духтарон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи онҳо муҳайё шудааст. Дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт якчанд ислоҳоти самаранок татбиқ шудаанд, ки барои занони соҳибкор ҷиҳати пешбурд ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар саросари мамлакат мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи ҳамоиш ба намоиш гузоштани молу маҳсулот ва хизматрасонии занони соҳибкори тоҷик, баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону ҷавонони мамлакат аз ислоҳоти раванди фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имконияти молиявӣ, ислоҳоти навин дар ин самт, муаррифии имконият, лоиҳаҳо ва нақшаҳои шарикони рушд ба занону духтарони соҳибкор, мубодилаи таҷриба байни занони соҳибкори мамлакат, ҷалби коршиносони сатҳи миллию байналмилалӣ дар самти рушди соҳибкорӣ байни занону ҷавонон, баланд бардоштани малакаи занон дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди «сабз» ва дигар масъалаҳои мубрам, инчунин ҷалби доираи васеи занону духтарони манотиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Пас аз анҷоми кисмати расмии форум ба як зумра соҳибкорзанони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми арзанда доранд, ҷоиза супорида шуд.

Сипас, кори ҳамоиш дар доираи панелҳои алоҳида дар мавзуъҳои «Нақши занон дар соҳаи агробизнес», «Рушди тиҷорати электронӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибкор», «Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти амалӣ намудани маҳсулоти дорои ҷанбаҳои гендерӣ» идома ёфт.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 15, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд