«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷамъбасти озмун бисту чор ҷойи ифтихорӣ насиби намояндагони вилояти Хатлон шуд

Ноябрь 18, 2023 14:08

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама даврҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯи номинатсияҳои гуногун ба гирифтани 22 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд, ки ин дастовард мояи фахри аҳли маориф ва кулли сокинони вилоят мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз ҷумла, байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Бежан Абдуалиев — хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи дуюм, Гесу Сироҷиддинова — хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 10-и ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи сеюм, Муҳайё Маҳмудзода — хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Дар қатори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Нурбону Расулова — хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи дуюм, Комила Мадуллоева — хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷойи якум, Малика Сайвализода — хонандаи синфи 10-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм, Омина Одинаева — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 59-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи сеюм, Раҳмон Маъмурзода — хонандаи синфи 10-и литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Саидикром Самадов — хонандаи синфи 10-и литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, Меҳрубон Мақсудова — хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар сафи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Маъво Хошокова — донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Раҳимҷони Ватанқул — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Шукрона Файзуллозода — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Фаррух Ҳотамов — магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Ноири  Хусрав соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Аз қатори омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Парвинаи Шариф — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 13-и ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи якум, Саъбагул Одинаева — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷамила Шукурова — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 13-и ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи якум, Гулноза Қурбонназарова -омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 56-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм, Суман Қосимзода — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 12-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби ҷойи сеюм, Муродгул Саъдуллоева — омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи эҷоди наср Диловар Саъдуллоев — омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи якум шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ки дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсияҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 18, 2023 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд