«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷамъбасти озмун бисту чор ҷойи ифтихорӣ насиби намояндагони вилояти Хатлон шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама даврҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯи номинатсияҳои гуногун ба гирифтани 22 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд, ки ин дастовард мояи фахри аҳли маориф ва кулли сокинони вилоят мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Аз ҷумла, байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Бежан Абдуалиев — хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи дуюм, Гесу Сироҷиддинова — хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 10-и ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи сеюм, Муҳайё Маҳмудзода — хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи дуюм шуданд.
Дар қатори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Нурбону Расулова — хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи дуюм, Комила Мадуллоева — хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷойи якум, Малика Сайвализода — хонандаи синфи 10-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм, Омина Одинаева — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 59-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи сеюм, Раҳмон Маъмурзода — хонандаи синфи 10-и литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Саидикром Самадов — хонандаи синфи 10-и литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, Меҳрубон Мақсудова — хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар сафи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Маъво Хошокова — донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Раҳимҷони Ватанқул — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Шукрона Файзуллозода — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Фаррух Ҳотамов — магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Ноири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Аз қатори омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Парвинаи Шариф — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 13-и ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи якум, Саъбагул Одинаева — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷамила Шукурова — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 13-и ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи якум, Гулноза Қурбонназарова -омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 56-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм, Суман Қосимзода — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 12-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби ҷойи сеюм, Муродгул Саъдуллоева — омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи эҷоди наср Диловар Саъдуллоев — омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи якум шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ки дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсияҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






