ФУТБОЛ. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барандаи даҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

Ноябрь 2, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуда, барандаи даҳкаратаи ин ҷоиза гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд. Барои сармураббӣ Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо «Истиқлол» ба ҳисоб меравад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023  1 ноябр дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд, ки беш аз 12 ҳазор мухлис тамошо намуданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт. Дар қисматҳои изофӣ дастаҳо якголӣ заданд – 1:1. «Истиқлолиҳо» ба голи легионери ганагии «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи ҳимоятгари марказӣ Содиқҷон Қурбонов посух доданд.

Дар силсилазарбаҳои пеналти «Истиқлол» муваффақ шуд ​​– 4:2. Дарвозабон Рустам Ятимов зарбаи ҷаримавии дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкоро баргардонд ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад