Ҷиҳати татбиқи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 6, 2023 17:33

ҲИСОР, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Барномаи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» дар кафедраи кори ҳамширагӣ ва фанҳои клиникии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор  конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар коллеҷи тиббӣ иттилоъ доданд.

Дар  ҷамъомад омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда,  аз ҷониби шахсони масъул дар мавзуъҳои «Нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон», «Бемории инфаркти миокард дар байни ҷавонон», «Фарбеҳӣ ва пешгирии он», «Техникаи дурусти санҷидани фишор» ва «Бемории диабети қанд» маърузаҳо қироат шуданд.

Гуфта шуд, ки қариб дар 1% кӯдакони навзод нуқсонҳои модарзодии дил пайдо мешаванд. Аксари ҷавонони гирифтори бемории модарзодии дил ҳоло ба синни балоғат мерасанд. Дар аксари ҳолатҳо сабабҳо маълум нестанд. Баъзан сирояти вирусӣ дар модар боиси беморӣ мегардад. Беморӣ метавонад генетикӣ бошад. Баъзе нуқсонҳои модарзодии дил натиҷаи истеъмоли машрубот ё маводи мухаддир дар давраи ҳомиладорӣ мебошанд. Аксари нуқсонҳои дил ё сабаби гардиши ғайримуқаррарии хун тавассути дил мешаванд ё ба гардиши хун дар дил ё рагҳо монеъ мегарданд.

Як сӯрохӣ байни ду камераи дил намунаи як намуди хеле маъмули нуқсони модарзодии дил мебошад.

Дар фарҷоми конференсия байни донишҷӯёну маърузачиён саволу ҷавоб баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳ гирифтанд.

АКС:  Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 6, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд