ИММУНИЗАТСИЯИ ОММАВӢ. Дар шаҳри Турсунзода ин маъракаи муҳим муташаккилона мегузарад

Ноябрь 21, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шабакаи Кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Турсунзода ва марказҳои тиббӣ иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмокок дар байни кӯдакони аз 1,3 то 5-сола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Волидоне, ки фарзандони аз 15-моҳа то 5-сола доранд, метавонанд ба марказҳои саломатии деҳот муроҷиат намуда, кӯдакони хурдсоли худро аз ваксинаи пневмококӣ гузаронанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 20 то 30 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ гузаронида мешаванд. Ин тадбир бар зидди сирояти пневмокок дар байни кӯдакони аз 1,3 то 5- сола амалӣ мешавад.

Дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии чамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Сирояти пневмококкӣ сабаби зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, чун отити гӯши миёна, синусит ва бронхит мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ, алалхусус кӯдакони то 2-солаи давлатҳои рӯ батараққӣ мефавтанд.

Солҳои пеш ин бемориҳо сабаби марги бармаҳал ва маъюбии якумрӣ мегардиданд. Ҳоло миллионҳо кӯдакон бар зидди ин бемориҳо эм шуда, солимии онҳо ҳифз мешавад. Ваксинаи пневмококӣ тамоман зарар надорад.

Бо сари вақт гузаронидани иммунизатсия кӯдаконро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намудан мумкин аст. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия ҳар сокини мамлакат саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконро зери хатар мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 21, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд