Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борон ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона то 25+27 дараҷа расида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






