Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд

Ноябрь 1, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борон ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона то 25+27 дараҷа расида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония  вазида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 1, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд