ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Хадамоти алоқа бо мақсади вусъат додани он тадбирҳои зарурӣ меандешад

Ноябрь 22, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, оид ба вазъияти дастрасии алоқаи барқӣ санҷишҳо мегузаронад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод хабар медиҳад.

Корҳои санҷишии сатҳи фарогирии алоқаи барқӣ дар маҳалҳо нишон медиҳанд, ки алоқаи мобилии стандартҳои 2G 95 фисади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир мебошад.

Санҷишҳо нишон доданд, ки бо ин стандарт имкони пардохти ғайринақдӣ аз тариқи POS-терминалҳо ба аҳолии мамлакат муҳайё аст.

Бо мақсади дастрасӣ ба алоқаи мобилии стандартҳои 3G ва 4G ва фароҳам намудани шароити мусоид, бахусус дар заминаи гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ин гуна маҳалҳо корҳои амалӣ аз ҷониби операторони мобилӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа бо суръат идома доранд.

Бо ин мақсад аз тарафи сардори Хадамоти алоқа 7 маротиба бо намояндагони Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Барқи тоҷик», Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои мобилӣ вохӯриҳои муштарак гузаронида шуданд.

Дастраскунандагони алоқаи барқӣ вазифадор шуданд, ки оид ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба нақшаҳо тағйиру иловаҳо ворид намуда, баҳри иҷрои он тамоми малакаи корӣ ва имкониятро истифода баранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Хадамоти алоқа ба масъулин пешниҳод шудааст, ки муассисаҳои дахлдор дар маҳалҳо POS-терминалҳо насб намуда, таҳти пӯшиши шабакаи алоқаи барқӣ аз хизматрасонии тамоми операторҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда истифода баранд ва фаъолияти худро таҳти пӯшиши як оператор маҳдуд нанамоянд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ноябрь 22, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид