«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ». Саҳми нашриёти «Ирфон дар нашри осори Президенти Тоҷикистон назаррас аст

Ноябрь 9, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҷилди 22-юми китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои тоҷикию русӣ ба нашр расид.

Бояд гуфт, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон»  дар тарғибу ташвиқи сиёсати табъу нашри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он нақши назаррас гузоштааст.  Танҳо давоми соли 2023 дар ин муассиса қариб 50 китобу дастурҳои сиёсӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ ба табъ расидаанд.

«Соли 2023 барои мо соли бобарор ва фаромӯшнашаванда  мебошад, зеро дар ин сол   китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 22-юм бо забонҳои тоҷикию русӣ ва  «Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат» бо забонҳои тоҷикию русӣ бо теъдоди 1000-нусхагӣ бо сифати баланд нашр гардиданд. Ҳадаф аз нашри «Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат» — ба таври оҷилӣ расонидани  кумак ба тамоми истифодабарандагони силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷиҳати пажӯҳишу дарёфти маводи зарурӣ аз ҷилдҳои 1 то 22-и ин силсила мебошад»,-иброз намуд ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода.

Муассисаи нашриявии  «Ирфон» барои таъмини дастрасии ниҳодҳои илмӣ ва кулли хонандагон ба осори пурғановати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва осон намудани  кори пажӯҳишгарон кумакфеҳристҳои мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхосиро ба 22 ҷилди силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»  тартиб дод, ки ин яке аз хизматҳои шоёни ҳайати эҷодии муассиса дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тиббии  донишманд ва пизишки маъруфи тоҷику форс   Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмад  таҳти унвони “Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб” аз тарафи Муассисаи нашриявии «Ирфон»  ба чоп омода гардид. Ин асари нодири тиббӣ нахустин маротиба дар охирҳои асри Х дар шаҳри Бухоро ба табъ расидааст.

Дар маҷмуъ,  соли 2023 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Муассисаи нашриявии «Ирфон»  китобҳои «Сад ғазал»-и Ҳофизи Шерозӣ, «Сесад ғазал»-и Саъдии Шерозӣ, «Сесад ғазал»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Сесад ғазал»-и Лоиқ Шералӣ, романи  «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ»-и Маҷид Салим, «Хуни ориёӣ»-и Саидмурод Рабизода, «Корнавирус-КОВИД-19» ва дигар асарҳои бадеӣ ва оммавӣ нашр гардиданд, ки хонандагонро  ба дӯстиву рафоқат, бародарию баробарӣ, раҳму шафқат, ишқи сарзамин ва модар, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз, ваҳдати миллӣ ва дигар корҳои наҷиб ҳидоят менамоянд.

«Ҳамчунин Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ҳарчи  бештар муаррифӣ намудани адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намуд, ки аҳамияти баланди маънавӣ дошта, хонандаро ба дарки мафҳуми Ватану ватандӯстӣ ва ҳифзу ҳимояи он ҳидоят менамояд»,-иброз намуд Қурбон Ғуломзода.

Ёдовар мешавем, ки китоб манбаи боэътимоде аст, ки ба  инсонҳо ғизои маънавӣ бахшида, ҷисму руҳро тоза ва  зиндагиро пурмазмун месозад. Он тафаккури одамонро сайқал дода, барои нутқи равон, фикрҳои бикр ва ҷаҳонбинии васеъ шароит муҳайё месозад.  Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги классик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «фуpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанг, сиёсат ва иқтисоди мамолики зиёд шинос гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Ҳамин омили муҳимро ба назар гирифта, роҳбарияти Муассисаи нашриявии «Ирфон» барои бо сифати баланд ва сари вақт дастраси хонандагон намудани китоб ва дигар дастурҳои мутолиавӣ тадбирҳои муҳим меандешанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Ноябрь 9, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд