ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мақсад гузоштаанд истеҳсоли лимӯро ба 7000 тонна расонанд

Ноябрь 30, 2023 13:57

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Ҷайҳун барои парвариши меваҳои ситрусӣ (асосан лимӯ) дар майдони 153 гектар гармхонаҳо сохта шудаанд. Аз ин шумора 120 гектар ба бахши аҳолии ноҳия рост меояд. Имсол деҳқонони ноҳия  аз 1 гектар то 50 тонна ҳосил рўёнда, азм доранд, ки дар маҷмуъ то 7000 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун.

Бояд гуфт, ки деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун дар парвариши лимӯ таҷрибаи ғанӣ доранд. Онҳо инчунин ниҳолҳои лимӯро барои фурӯш парвариш менамоянд ва аз ин даромади хуби иқтисодӣ  ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳия ҳосили рӯёнидаро ҳам барои эҳтиёҷи хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд.

Истифодаи оқилонаи замин аст, ки сатҳу сифати зиндагии деҳқонон сол то сол беҳтар мегардад.

Дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳ-2014», ки  яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Ҷайҳун маҳсуб мешавад,  чор гармхона дар  масоҳати  тақрибан 1,5 гектар ташкил гардидааст. Дар онҳо лимӯ парвариш мешавад. Растаниҳо дар соли сеюм аллакай  ба ҳосил даромада, аз ҳар дарахт то 50 кг лимӯ  ба даст овардан мумкин аст.

Ба гуфтаи сардори хоҷагии деҳқонӣ Абдуғаффор Ҷабборов,  «имсол ҳосили онҳо хуб аст ва  барои ба бозор баровардани он  мушкилӣ намекашанд. Зеро худи талабгорон   ба назди онҳо омада, маҳсулоташонро яклухт харид намуда, ба бозор интиқол медиҳанд».

Абдуғаффор Ҷабборов, ки 25 сол таҷрибаи  кишоварзӣ дорад, гуфт, ки саҳмдорони хоҷагӣ асосан аъзои оилаи ӯ мебошанд. Ҳоло ӯ бо бародарзодаҳояш кор менамояд. Онҳо ният доранд, ки ояндаи наздик шумораи гармхонаҳои лимӯро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат саҳм бигузоранд.

«Ҳарчанд барои ташкили гармхонаҳои  лимӯпарварӣ хароҷот намудан зарур меояд, аммо ман аз он дар ҳаросу ташвиш нестам. Зеро баъди ба ҳосил даромадани дарахтон метавонам ин хароҷотро  дар як сол пўшонам»,- мегўянд ў.

Бояд гуфт, ки манфиати бештари меваҳои ситрусиро дида, деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ба парвариши навъҳои дигари он, аз ҷумла банан ҳавасмандӣ зоҳир намуда истодаанд. Таҷриба нишон дод, ки парвариши меваҳои ситрусӣ дар ин ноҳияи иқлимаш гарм имконпазир буда, зиёд намудани масоҳати парвариши он  ба манфиати кор аст.

Ба гуфтаи сокини ноҳия Маъруф Қаюмов,  як сол аст, ки ў ба парвариши банан машғул мебошад. Ба гуфтаи ў, заҳматҳояш натиҷаи хуб ба бор оварда, ҳавасмандиашро ба ин шуғл афзун намудаанд. Ӯ мақсад гузоштааст, ки дар  оянда парвариши бананро зиёд намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Хатлон пойгоҳҳои обкаширо навсозӣ менамояд
Масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори меҳнат оғоз гардид
«САНОАТИКУНОНӢ ДАР МАСИРИ РУШД». Таҳти чунин унвон дар Суғд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРҚИКУНОНИИ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН». Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа сокинони 26 маҳаллаи Бадахшон ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 42-юми Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ доир мешавад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁН-ШОН». Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиёт дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаҳои энергияи «сабз» ва саноати кӯҳӣ тақвият медиҳанд
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Анқара ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Раиси Шурои мунисипалии шаҳри Чэндуи Чин мулоқот намуд
Дар вилояти Хатлон масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат баррасӣ шуд