Ҳизбиён ва фаъолони вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Ноябрь 2, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон 1 ноябр аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва фаъолони вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтумонӣ дар  Неругоҳи барқи оби «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ин сафар 125 нафар, аз ҷумла намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҲХДТ, олимон, аҳли адабу ҳунар иштирок ва бо мавзеъҳои иншооти НБО-и «Роғун» шинос шуданд.

Сафари ҳизбиён, фаъолони вилояти Хатлон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба корзори НБО-и «Роғун» ва дидору суҳбатҳо бо коргарону бунёдгарони ин иншооти азими аср дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани руҳияи саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани руҳияи коргарони он нақши муассир мегузорад.

Бинобар ин, чун анъанаи қадрдонӣ аз заҳмати содиқонаву фаъолияти назарраси кормандону хизматчиёни соҳаҳои гуногун сафари фаъолони ҷомеа ба Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо супориши Раиси вилояти Халон Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шуд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои созандагӣ дар НБО-и «Роғун» барномаи тафреҳӣ баргузор шуд ва кормандони Раёсати фарҳанги вилоят бо дастагули шеъру суруд табъи сохтмончиёнро болида гардониданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 2, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»