КОНСТИТУТСИЯ — КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 3, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия — кафолатдиҳандаи ҳуқуқи инсон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оила хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандон, устодон ва донишҷӯдухтарони Маркази таълимии  «Чароғи ҳидоят», шунавандагони даври омӯзишии «Мактаби сарварӣ»-и назди Кумита иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим дароварда, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имконоти баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.

Баробарҳуқуқӣ- ин ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсия шиносномаи миллату давлат, санади танзимкунандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафили боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Бо назардошти муҳимияти масъала дар кори ҳамоиш омилҳо ва марҳилаҳои ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон доир ба он табодули афкор намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд