КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Қабули он барои ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар низоми давлатдории ҳар мамлакат Конститутсияи он нақш ва мақоми хос дошта, ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, ки меъёрҳои он бевосита амал менамоянд, баромад менамояд. Он танзимкунандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ифодакунандаи мақсаду мароми халқ маҳсуб мешавад.Ин нуктаро профессор, узви Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид, баён доштааст.
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ифодаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, ба ақидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «фақат қабули он (Конститутсия) метавонист, ки барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад».
Воқеан ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, моҳиятан ифодаи оғози марҳилаи нави давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Омӯзиш ва таҳлили ҷанбаҳои гуногуни ин санади муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки онро ҳамчун муайянкунандаи шакли давлатдорӣ, сохтори давлатӣ ва идоракунӣ, тартиби таъсис ва фаъолияти ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, низоми интихоботӣ, эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, мақоми инсон ва шаҳрванд, фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, моҳияти идеологии фазои сиёсии мамлакат ва ғайраҳо маънидод намоем. Ҷанбаҳои гуфташуда моҳияти сиёсии ин санади муҳимро ифода менамоянд. Ҳамзамон бо ин Конститутсия муқаддасоти сиёсии давлат маҳсуб мешавад, ки Президенти навинтихоби мамлакат ҳангоми ба иҷрои вазифа шуруъ намудан дасти рост ба болои Конститутсия гузошта, савганд ёд месозад.
Тавассути Конститутсия моҳияти давлат, шакли идоракунӣ, шакли сохтори давлатӣ ва фазои сиёсӣ муқаррар мешавад. Чунончӣ, моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат эълон медорад, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Ин нуктаи муҳим моҳияти соҳибихтиёр ва демокративу дунявӣ доштани давлати моро ифода намуда, ҳамзамон дар доираи ин муқаррарот меъёрҳои дигари ба он вобаста ташаккул меёбанд. Моҳияти демократии давлат тақозо менамояд, ки маҳз халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, тавассути иштирок ва изҳори иродаи худ дар интихобот ва раъйпурсӣ дар ташаккул ва амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ саҳм гузорад. Инро моддаи 6-и Конститутсия кафолат додааст. Эълони дунявият изҳори мавқеи давлат дар бораи мавҷудияти озодии ирода, дахолат накардани ташкилоти динӣ ба кори давлат ва баръакс, таъсиси фазои озоди эътиқодӣ маҳсуб мешавад. Маҳз эълон ва татбиқи ин принсип имкон додааст, ки ҳамзистии осоиштаи дину мазҳабҳои гуногун дар ҷумҳурӣ таъмин гардад.
Ҷанбаи дигаре, ки боиси тазаккур аст, ин тартиби таъсиси шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ мебошад, ки Конститутсия муқаррар намуда, иштироки шахсро дар ин раванд ҳамчун субъекти фаъоли сиёсӣ пешбинӣ менамояд. Моддаи 9 муқаррар намудааст, ки «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Тартиби таъсис ва фаъолият, инчунин салоҳияту ваколати онҳо дар бобҳои алоҳидаи ин санади муҳим муайян шудаанд. Боби сеюм ваколатҳои Маҷлиси Олӣ, боби 4 – Президент, боби 5-Ҳукумат ва боби 6 – Макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, боби 8 — Судро муайян намудааст.
Аз ин нуктаи назар метавон иброз намуд, ки дар доираи муқаррарнамудаи Конститутсия ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти шохаҳои он муайян шуда, муносибати мутақобилаи байни онҳо ва ваколатҳо дақиқ шудаанд, ки барои таъмини идоракунии самараноки сиёсӣ аҳамияти махсусан муҳим доранд. Ҳамзамон бо ин, чунин равиш ифодаи механизмҳои татбиқи принсипҳои демократӣ дар мамлакат мебошад. Дар ин замина муайян намудани ваколату салоҳияти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори он дар симои парлумон ва вакилон, Президент, Ҳукумат ва судҳо низ аҳамияти хос дошта, маънои онро дорад, ки фаъолияти хокимияти сиёсӣ дар мамлакат пурра дар доираи Конститутсия танзимшуда ва муқарраршуда мебошад.
Ҷанбаи дигари муҳимме, ки мазмуни сиёсии Конститутсияро қавӣ мегардонад, муайян намудани низоми интихоботӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботро шакли ҳуқуқӣ бахшидааст. Инҳо масъалаҳои принсипҳои интихобот, марҳиланокӣ дар баргузор намудани интихобот, ҳуқуқи интихоботӣ ва шакли низоми интихоботӣ мебошанд. Ҷанбаҳои гуфташуда дар шаклгирии низоми интихобот дар мамлакат аҳамияти хосса дошта, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт ҷавобгӯ мебошанд. Моддаи 6-уми Конститутсия эълон медорад, ки «дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузошта, дар моддаҳои минбаъда тартиби баргузории онҳоро қисман муқаррар намуда, қисми дигарашро ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳавола менамояд. Чунончӣ, дар қисми чоруми моддаи 27 Конститутсия омадааст: «Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ доир мешавад».
Дар робита ба ин яке аз масъалаҳои асосӣ- муайян намудани ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, ки дар низоми умумии ҳуқуқҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд мақоми махсус дорад. Моддаи 27-и Конститутсия муқаррар намудааст, ки «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок намудан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».
Дар баробари ин Конститутсия дар татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ маҳдудиятро низ муқаррар намудааст. Дар моддаи гуфташудаи Конститутсия омадааст, ки «шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок намудан надоранд».
Тартиби ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрвандро қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Моддаи 49 низоми интихоботи парлумониро дар мамлакат муқаррар менамояд. Дар қисми якуми ин модда омадааст, ки «интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ доир мешавад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад».
Муқаррароти мазкур принсипҳо, талаботи шаҳрвандӣ, синнусолӣ ва доштани таҳсилотро барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст. Қисмҳои боқимондаи моддаи 49 ба тартиби ташкили Маҷлиси миллӣ бахшида шудаанд. «Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд». Моддаи 65-и Конститутсия муқаррар намудааст, ки «Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд». Ин муқаррарот муайянкунандаи принсипҳои асосии интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мавҷудияти ҳуқуқи интихоботии умумӣ, иштироки бевосита, иштироки баробар ва ҳар як интихобкунанда доштани фақат як овозро муқаррар намуда, имконият медиҳад, ки ифодаи иродаи интихобкунанда пинҳонӣ ва озод бошад. Моддаи 66 тартиби баргузоршуда эълон шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст. «Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон иштирок намуда бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд».
Моддаи 78-и Конститутсия тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба қонуни конститутсионӣ ҳавола намудааст, ки дар ин замина Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул ва мавриди амал қарор дорад.
Ин модда тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот — Ҷамоатро ба қонун ҳавола намудааст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» тартиби ташкили Ҷамоат тавассути гузаронидани интихобот муқаррар шудааст.
Ҳамин тариқ, мо имрӯз дар мамлакат низоми интихоботии мажоритарӣ дар интихоботи президентӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва низоми омехтаи интихоботӣ дар интихоботи парлумониро амалӣ менамоем.
Ҷанбаи дигаре, ки ифодаи мазмуни қавии сиёсии Конститутсия мебошад, ин муқаррарот дар бораи заминаҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми муносибати байни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар доираи ин санади сиёсии муҳим ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои одамон номбар шуда, муносибати мутақобилаи онҳо бо давлат маҳз тавассути Конститутсия муқаррар мешавад. Доираи муқаррарнамудаи Конститутсия имкон медиҳад, ки фаъолияти ин ниҳодҳо ба фоидаи ҷомеа ва давлат равона шавад. Маҳдудияти муқаррарнамуда вобаста ба манъ будани таъсису фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, ташвиқкунандаи нажодпарастию миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ ва ё даъваткунандаи бо зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ дар доираи риояи меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ мебошанд.
Ҳамзамон бо ин Конститутсия моҳияти идеологии фазои сиёсии мамлакатро муайян намуда, тартиби амалӣ намудани ҳадафҳои идеологиро тавассути фаъолияти сохтору мақомоти гуногун муқаррар менамояд. Моддаи 8 муқаррар намудааст, ки «дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”.
Ин принсип аслан ифодаи мавҷудияти плюрализми афкор дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо дар ҷомеаи бе идеология зиндагӣ дошта бошем. Принсипҳои конститутсионӣ дар бораи «демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, дунявӣ ва иҷтимоӣ» будани давлат худ ифодаи маҷмуи томи арзишҳои сиёсие мебошанд, ки дар заминаи онҳо метавон фаъолияти густурдаи идеологиро ба роҳ монд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дилхоҳ Конститутсия ифодаи созиши мавқеи қувваҳои гуногуни сиёсӣ мебошад, ки дар замони қабули он дар ҷомеа фаъолият менамуданд. Маҳз ҳамин қонуният ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати такмили баъзе меъёрҳои ин санади муҳимми сиёсию ҳуқуқиро пеш меорад. Мо низ дар марҳилаи зиёда аз сисолаи соҳибистиқлолӣ шоҳиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат гардидем, ки онҳо ҷиҳати заминагузорӣ ба пешрафти минбаъдаи ҷомеа аҳамияти хос доранд.
АКС аз манбаъҳои боз