ЛИБОСИ МИЛЛӢ-БАЁНГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба риояи расму оини миллӣ бо занон суҳбат гузаронида шуд

Ноябрь 22, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо  ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бозори марказии ноҳия байни занону духтарон оид ба либосҳои миллӣ, суннату анъана ва расму оин, бахусус пўшидани либоси миллии тоҷикона корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбат гузаронида шуданд, ки зимни он роҳбарияти Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳия хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Ниёгони мо ҳанӯз аз умқи таърих бо офаридани матоъҳои абрешимин, суф, читу карбос ва атласу адрас, шоҳӣ ва чакан шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуда буданд, махсусан ин дар асрҳои миёна ба воситаи роҳи бузурги Абрешим то Аврупо рафта мерасад.

Давоми солҳои дарози таърих миллати тоҷик тавонист фарҳангу маданият, урфу одат, суннату анъана ва расму оин, бахусус либоси миллии тоҷиконаи худро нигоҳ дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо аст, моро зарур аст либоси миллии худро ҳамчун баёнгари фарҳанги миллӣ эҳтиром, эҳтиёт ва таблиғ намоем. Аз ин рӯ ҳифзи он дар дасти худи мо аст, то ин ки тавонем онро ба наслҳои оянда ба мерос бимонем.

Ба занону духтарон фаҳмонида шуд, ки бо пӯшидани либосҳои шинаму суннатии миллӣ мо метавонем дар тарбияи фарзандони худ таъсир гузорем.

АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ноябрь 22, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд