МАҲСУЛОТИ МИЛЛӢ. Нури Зулол: шарбати табиӣ – қатраи хушбахтӣ

Ноябрь 20, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Шаҳри Истаравшан беш аз дуюним ҳазор сол боз яке аз марказҳои рушди ҳунару тиҷорат маҳсуб гардида, аз ҷумлаи  шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон мебошад.

Иқлим  дар  ин шаҳр   муътадилу   нарм аст. Дар зимистон баландии барф дар ин ҷо ба як метр мерасад ва дар тобистони гарм насими сабуке аз доманаи қаторкӯҳҳо ба  ин шаҳр мевазад. Дар фасли баҳор атроф бо рангҳои рангинкамон оро мегирад ва дар тирамоҳ ҳосили сабзавоту мева фаровон мешавад.

Дар байни асрҳои ХХ ва ХХI ин шаҳр ба ҷаҳони беруна бо оби шаффофу тозаи «Оби Зулол» маъруф шуд, ки ин об соли 2003 дар намоишгоҳи ҷаҳонии Оби тоза дар Вашингтон эътирофи байналмилалӣ пайдо намуд.

Нурҳои дурахшони «Нури Зулол» 

«15 сол пеш, тирамоҳи соли 2008, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истеҳсоли афшураи табиӣ дар бастаҳои Тетра Пак оғоз бахшиданд, — ёдовар шуд муовини директори генералии корхонаи «Оби Зулол» Саъдихон Умаров. — Дар баробари ин, Сарвари давлат дастур дода буданд, ки минбаъд низ рушди истеҳсолӣ бо ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боғу токпарварӣ идома дода шавад ва коркарди меваю сабзавот низ таъмин гардад».

Тавре иброз гардид, пас аз се сол, Пешвои миллат боз ба ин корхона ташриф оварда, хатти технологии JBT-и истеҳсоли италиявиро барои коркарди меваю сабзавот бо усули пуркунии гарм ба кор андохтанд. Аз он вақт инҷониб корхонаи «Оби Зулол» бо истифода аз меваҳои дар мамлакат парвариш ва ҷамъоваришуда шарбатҳои бе консервантҳо ва бе рангдиҳандаҳоро истеҳсол менамояд.

«Дар асоси таҷрибаи ҷамъшуда моҳи августи соли 2021 дар ширкати «Оби Зулол» хати нави истеҳсолӣ- коркарди ангур ба кор андохта шуд. Бо ин мақсад интихоб ба таҷҳизоти навтарин ва баландсифати технологии давлати Италия афтод, ки он имкон медиҳад шарбати равшанкардашудаи ангур ва шакари ангур (ректификати ангур) истеҳсол шавад. Ногуфта намонад, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо корхонаи «Оби Зулол» шакари ангур (ректификати ангур) истеҳсол менамояд», — тазаккур дод Саъдихон Умаров.

Мева ва сабзавоти ватанӣ- ширинтар ва фоиданоктар

Ширкати «Оби Зулол» ба таҳия ва дарёфти  ҳар таъми нав диққати махсус дода, ба интихоби компонентҳо аҳамияти чиддӣ медиҳад.

Маҳсулот танҳо аз меваҳои табиие, ки дар муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон парвариш ёфтаанд, тайёр шудааст. Тибқи стандарти байналмилалӣ, назорат на танҳо дар истеҳсолот, балки бисёр пештар аз он оғоз мешавад.

Дар тамоми ҷаҳон истеҳсолкунандагони афшураҳои номдор, ки мунтазам аз санҷишҳои бехатарӣ мегузаранд, вазифадор мебошанд, ки маҳсулоти худро мутобиқи якчанд стандарт ва талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол намоянд.

Ин, дар навбати худ, гарави сифати маҳсулот буда, имкон медиҳад, ки маҳсулот таъми табиӣ ва хосиятҳои фоиданоки худро гум накунад.


Танҳо баъди бомуваффақият тасдиқ намудани сифат ва бехатарии меваю сабзавот ашёи хом ба истеҳсолот мегузарад.

Ширкати «Оби Зулол» истеҳсолкунандаи боэътимод буда, ба стандартҳои байналмилалӣ риояи қатъӣ дорад.

Имрӯз ширкати «Оби Зулол» ҳамчун пешсафи саноати хӯроквории Тоҷикистон на танҳо бо оби нӯшокии худ, ки дар ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Иттиҳоди Авруосиё сертификатсия шудааст, балки бо маҳсулоти «Нури Зулол», ки ба тамоми стандартҳои байналмилалии ғизои солим ҷавобгӯ аст ва барои ҳамаи гурӯҳҳои синну соли аҳолӣ, дар ҳама намудҳои бастабандӣ (ТетраПак, шиша, банду басти мулоим) овозадор аст.

Шарбатҳои «Нури Зулол» дорои лаззати табиӣ мебошанд

«Шарбате, ки таҳти тамғаи «Нури Зулол» истеҳсол мешавад, ба шарофати технологияҳои муосири истифодашуда на танҳо болаззат аст, балки хосияти судманди меваю сабзавотро низ гум наменамояд, — мегӯяд директори истеҳсолоти ширкати «Оби Зулол» Ғаниҷон Қурбонов. — Шарбатҳо дар бастаи шиша бо истифода аз дастурҳои пуркунии гарм истеҳсол мешаванд. Ба маҳсулот ҳеҷ гуна консервантҳо илова намешаванд. Муҳлати нигоҳдории чунин маҳсулот метавонад аз як сол зиёд бошад».

Шарбатҳои «Нури Зулол» ҳамон «мазза»-еро доранд, ки табиати зинда ба он нақш гузоштааст.

Дар раванди истеҳсолот меваҳо шуста ва ба навъҳо ҷудо мегарданд, баъдан майда шуда, ба пресс дода мешаванд, шарбати ҳосилшуда филтр мегардад, пастеризатсия мешавад ва ба бастаҳои гуногун рехта мешавад.

«Мо шарбатро бо иштироки ҳадди ақалли технологӣ омода менамоем ва кӯшиш мекунем, ки ҳама хосиятҳои фоиданокеро, ки табиат додааст, бе ворид намудани чизи изофӣ нигоҳ дорем, — гуфт мутахассис. — Мавҷудияти шакар дар шарбати табиӣ қобили қабул нест».

Барои танзими сатҳи кислотаҳо дар баъзе маззаҳои шарбатҳои «Нури Зулол» ширкат аз шакари табиии ангур (ректификати ангур) истифода мебарад.

Ҳамаи чизҳои болаззат — барои кӯдакон

«Истеҳсоли шарбат, аз ҷумла шарбат барои кӯдакон яке аз соҳаи масъулиятноктарини саноати хӯрокворӣ мебошад. Корхонаи «Оби Зулол» ҳангоми истеҳсоли махсулот, пеш аз ҳама, дар назди худ мақсад мегузорад, ки махсулоти болаззат, солим ва бехавф ба вуҷуд оварда шавад», — иброз дошт менеҷери шуъбаи идораи сифати маҳсулот Абдуҳалим Солиев.

Тамоми хати шарбатҳое, ки дар корхона барои кӯдакони аз 3-сола ва калонтар истеҳсол мешаванд, аз тамоми расмиёти стандартҳои бехатарии истеҳсолӣ мегузарад.

Ширкати «Оби Зулол» имсол ба ҷуз аз навъҳои мавҷудаи истеҳсоли шарбат истеҳсоли шарбатҳо барои кӯдакон дар бастаҳои шишагӣ, формати 250 мл, дар навъҳои зерин оғоз намуд:

  1. Шарбати Шафтолу бо мағзаш
  2. Шарбати Себ бо мағзаш
  3. Шарбати Себ-Гелос бо мағзаш
  4. Шарбати Гулчини меваҳо бо мағзаш
  5. Шарбати Зардолу бо мағзаш
  6. Шарбати Себ-Сабзӣ-Банан бо мағзаш
  7. Шарбати Себ-Сабзӣ бо мағзаш
  8. Шарбати Помидор
  9. Шарбати Сабзӣ бо мағзаш
  10. Шарбати равшанкардашудаи ангур

Ҳамаи ин шарбатҳо стерилизатсия шуда, ба таври асептикӣ бастабандӣ мегарданд. Онҳо дорои консервантҳо ё рангдиҳандаҳо нестанд.

Тамоми шарбатҳо аз меваю сабзавоти табиии Тоҷикистон тайёр мешаванд. Пеш аз харид ҳар як харидор метавонад ба мундариҷа, ранг ва мувофиқати маҳсулот дар бастаҳои шаффофи шишагин баҳо диҳад.

Маҳсулоти миллӣ- бо сифати ҷаҳонӣ ва бо нархи дастрас

 Маҳсулоте, ки бо тамғаи «Нури Зулол» истеҳсол мешавад, табиӣ буда, дорои сифати баланд мебошад.

Шиори «Оби Зулол» — «Маҳсулоти миллӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва бо нархи дастрас» ба маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкат комилан мувофиқ аст.

Бо истеъмоли шарбатҳои нави меваю сабзавоти бренди «Нури Зулол» дар бастаҳои шишагин муштариён метавонанд ба сифати ашёи хом, технологияи нав, назорати чандмарҳила ва бехатарии мутлақи маҳсулот эътимод дошта бошанд.

АКС: Ширкати «Оби Зулол»

Ноябрь 20, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад