«МАБЛАҒГУЗОРИИ ИҚЛИМӢ». Дар Душанбе оид ба ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд

Ноябрь 10, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри  Душанбе бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар мавзуи «Маблағгузории иқлимӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи машварат Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва директори кишварии Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон сухан гуфтанд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба миқдору сифати захираҳои об, соҳаҳои иқтисоди мамлакат ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Барои пешгирӣ аз ин пайомадҳои ногувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллии рушд ва нақшаҳои амал, аз ҷумла доир ба беҳдошти муҳити зист, биёбоншавӣ, идоракунии об ва замин, обхезӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ татбиқ мешаванд.

Баъдан оид ба мавзуи машварат коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳавӣ рӯнамоҳо манзур намуданд.

Ҳадафи асосии  машварати омӯзишӣ — баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва таҳкими дониши иштирокчиён оид ба маблағгузории иқлимӣ буда, инчунин баррасии мушкилиҳо ва имконияти ҷалби сармоя барои самтҳои афзалиятноки Саҳми дар сатҳи миллӣ муйяншуда мебошад.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид