Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ пурра ба анҷом расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Маҳз фаъолияти босамари ситоди шаҳрӣ, комиссияи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилачорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишии «Корвони ватандӯстӣ», рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки нақшаи даъват иҷро гардад.
Ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба даври кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъват мусоидат намуд. 19 ҷавонписар дар даври кӯтоҳмуддати ронандагӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Бояд гуфт, ки шаҳри Бӯстон дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми 2 соли охир маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аввалин шуда, ба анҷом мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






