Маркази саломатии шаҳри Турсунзода ба 20 ҳазор аҳолии маҳал кумаки аввалини тиббӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби шарикони рушд дар маркази деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Коммунизм» аз нав бунёд гардид, ки акнун табибони марказ метавонанд ба беш аз 20 ҳазор аҳолии маҳал кумаки аввалини тиббӣ расонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дорои шароити хуби корӣ аст, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иштирок намуда, табибону сокинони деҳотро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфт.
Бинои марказ аз 4 ҳуҷраи корӣ — дандонпизишкӣ, духтури оилавӣ, духтури занона, доругузаронӣ ва қабулгоҳ иборат буда, ба аҳолӣ 12 нафар духтурон ва ҳамширагони тиббии ботаҷриба хизмат мерасонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






