Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг ба мавсими сармо омода аст
ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 110,7 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,4 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамаҷониба ба фасли зимистон омодагӣ дидаанд.
Тавре сардори муассиса Султон Каримов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои гузаронидани зимистон дар айни ҳол дар муассиса 600 куб маводи зидди лағжиш, 1600 литр сӯзишвории дизелӣ ва 15 куб ҳезум захира шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби муассиса роҳи деҳаи Ҷонбахт то Шехон тахту ҳамвор гардида, 2 километр роҳи деҳаи Боғча аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ пурра асфалтпӯш гардид.
Дар айни замон дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 10 техникаи корӣ мавҷуд буда, 32 корманд фаъолият менамоянд, ки онҳо бо либоси махсуси корӣ ва пойфзол таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






