Муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари навтаъйини Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаи вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкории фарҳангии байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 31 сол пур шуд.
Давоми ин солҳо дар соҳаҳои гуногун натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуда, хусусан ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сиёсиву амниятӣ аз афзалият ба шумор мераванд.
Байни ду давлат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра зиёда аз 70 созишномаву тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат ба имзо расиданд. Маҳз дар заминаи он санадҳо имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар боло гуфташуда фароҳам гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






