Намояндагони Тоҷикистон дар кори форуми минтақавӣ дар Қазоқистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаммадулло Шерализода ва муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод дар форуми минтақавии «Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, дар роҳ ба сӯи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим « 5 давлат – 1 минтақа – 1 овоз», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар форум роҳбарони сохторҳои давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, фаъолони ташкилоти ғайриҳукуматӣ, академӣ, илмӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- фаъолсозии ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳое, ки дар форум баррасӣ шудаанд, баланд бардоштани самаранокии иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар кори форум арзёбӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






