Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Тибқи барномаи ҷаласаи Комиссия масъалаҳо доир ба интихоби раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қабули Қоидаҳои тартиботи комиссия, Муроҷиатномаи аъзои комиссия бахшида ба ҷашни 75-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тарҳрезии лоиҳаи нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2024-2025, инчунин оид ба макон ва замони баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил матраҳ гардиданд.
Баъд аз баргузории ҷаласа намояндагони комиссия бо Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дар алоҳидагӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, гуфт, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар ҳошияи баргузории ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Татяна Москалкова вохӯрии дуҷониба анҷом доданд.
Ҳамзамон намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласа бо Комиссияи доимии Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба қонунгузорӣ ва сохтори давлатӣ дар алоҳидагӣ вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба суҳбат намуданд.
Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






