Намояндаи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок дорад

Ноябрь 29, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Ню-Йорки Америка  машварати байналмилалӣ дар мавзуи «Идоракунии захираҳои инсонии хизмати давлатӣ дар асоси истеъдод дар асри 21» оғоз гардид, ки дар он сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, машварат бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизмати давлатии шаҳрвандии байналмилалӣ ташкил шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Ҳадафи баргузории машварат муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои дастовардҳои охирин дар самти  идоракунии захираҳои инсонии муосири  хизмати давлатӣ барои масъулони мамлакатҳои аъзои ин шабака буда, ҳамчунин барои табодули таҷриба ва ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонии муосири мамлакатҳои аъзо истифода мешавад.

Иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар ин машварат ва омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатӣ 40 мамлакати аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин шабака ҳамкорӣ дорад. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта дар кори конференсияю машваратҳои  сатҳи  байналмилалии  созмондодаи ин шабака иштирок менамоянд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид