Пахтакорони ноҳияи Ёвон аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию дастҷамъӣ зиёда аз 22 209 тонна пахта ҷамъ оварданд

Ноябрь 4, 2023 09:08

ЁВОН, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи самаранок истифода намудани замин дар ноҳияи Ёвон то ин давра  аз заминҳои 1672 хоҷагии деҳқонию дастҷамъӣ зиёда аз 22 209 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии пахта, ки  имсол 23 820 тонна мебошад, ҳафтаҳои наздик барзиёд иҷро мегардад.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон  иттилоъ доданд.

Дар пахтазори ноҳияи Ёвон  роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроия, ҳайати кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҳамарӯза иштирок намуда, садҳо тонна пахта ҷамъ меоранд.

Имрӯзҳо дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия мавсими ҷамъоварии пахта босуръат идома дорад. Заҳматкашон аз ҳар рӯзи мавсим самаранок истифода бурда, ҳосили бо ранҷ парваридаашонро ҳам ба воситаи қувваи даст ва ҳам мошинаҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти Норин, Г. Юсупова ва С.Сурх  990 тонна пахта тариқи мошинаҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои офтобӣ дар паҳлуи кишоварзон истода, дар иҷрои дурнамои пахтасупорӣ ҳиссаи муносиб гузоранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ёвон 12 850 нафар иштирок намуда,  аз ҳисоби пахтачинӣ, ки кори мавсимӣ ба ҳисоб меравад, даромад ба даст меоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 4, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад