ПАРЧАМИ ПИРӮЗИИ МО. Дар Норак ва Рашт ба рукни муқаддас — Парчами давлатии Тоҷикистон арҷ гузошта шуд

Ноябрь 24, 2023 16:43

РАШТ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ва ноҳияи Рашт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шаҳомати хосса ва арҷи зиёд нисбат ба ин рукни муқаддас таҷлил гардид. Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ сокинону фаъолон ва ҷавонону сарбозони қисмҳои низомии  ин шаҳру ноҳия бо бардоштани парчами давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстона роҳпаймоӣ баргузор намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар ҳамоишҳо  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз гардид, ки Парчами давлатӣ нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мо буда, дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи мамлакат таҷлил менамоянд. Собиқадорону фаъолон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми сокинон сидқан табрик гуфта, таманно намуданд, ки ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми моро ба сӯи ояндаи дурахшон ва музаффарияти нав ба нав раҳнамун созад.


Гуфта шуд, ки парафшон гардидани парчам нишони давлатдорӣ буда, аз устувории пояи ваҳдату иттиҳод ва якдилии сокинон шаҳодат медиҳад. Эҳтироми парчам эҳтиром нисбат ба миллат, таърих ва дигар муқаддасоти мамлакат аст. Ҷунбиши руҳнавози парчам дилро ба ваҷд меоварад ва аз тамошои он оташи меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан фурӯзон мегардад. Барафрошта шудани парчам дар ҳар нуқтаи марзу бум далели сарбаландӣ ва шаъну шукуҳи миллат аст.

Мавриди тазаккур аст, ки раванди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони бисёр ҳассос ва вазъи душвори сиёсию иқтисодии мамлакат, ки хатари аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон таҳдид менамуд, доир шуд. Бо вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин васила, муттаҳид сохтани тарафҳои даргир қадамҳои устувор гузоштанд. Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар баробари ҳалли дигар масоили барои аз вартаи ҳалокат наҷот додани давлату миллати тоҷикон ниҳоят зарурӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ шуд.

Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки ин рукни муқаддаси миллӣ тавонист мардуми парокандаи мамлакатро дар зери худ муттаҳид ва орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияҳои давлатии ноҳияи Рашт ва шаҳри Норак

Ноябрь 24, 2023 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст