Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсия барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани Тоҷикистон замина гузошт»
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян намуда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад. Чунин изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани мамлакат замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо менамоянд.
«Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.
Таъкид гардид, ки тибқи меъёрҳои Конститутсия, як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб равона шудаанд, қабул ва амалӣ мегарданд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






