Пешвои миллат: «Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо матонату шуҷоати фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст»

Ноябрь 11, 2023 10:43

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо таъкид ба низомиён иброз доштанд, ки онҳо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо бо заҳмати зиёд, матонату шуҷоати ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст.

«Ҳимояи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба дӯши шумо гузошта шудааст. Иҷрои ин вазифаи муқаддас аз ҳисси баланди миллӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо ва муҳимтар аз ҳама, садоқати шумо ба халқ, Ватан ва давлати худ вобастагӣ дорад»,-баён намуданд Президенти мамлакат.

Дар ин раванд Пешвои миллат изҳор доштанд, ки мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифаи роҳбарони мақомот, ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар хизматчии ҳарбӣ мебошад.

«Боварӣ дорам, ки шумо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худ минбаъд низ омода буда, ба савганди ёдкардаи хеш содиқ мемонед»,-афзуданд Роҳбари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2023 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд