Pre-5G-ро дар Тоҷикистон пешвоз гиред!

Ноябрь 2, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба сокинони ҷумҳурӣ интернети мобилӣ бо суръати 10 маротиба баландтар аз имконияти шабакаи насли чорум дастрас мегардад. Аз оғози соли 2023 технологияи нави Pre-5G дар зиёда аз 40% пойгоҳҳои базавии 4G/LTE ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба кор дароварда шуд.

Хусусияти таҷҳизоти Pre-5G дар он аст, ки ҳангоми фаъол будани он ҳамзамон дар якчанд басомад метавон кор намуд. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми маълумоти таҳвилёбанда то дараҷаи назаррас зиёд шавад. Бо шарофати имкони интиқоли сершабакавии трафик ба ҳар муштарӣ манбаъҳои бештар дастрас шуда, суръати интернети мобилӣ метавонад садҳо мегабитро дар як сония ташкил диҳад. Инро аллакай метавон бо имконияти шабакаи насли панҷум баробар намуд, бо ҳамин сабаб ин технология номи Pre-5G-ро гирифт.

Суръатбахшии интернет дар натиҷаи муосиркунонии бомиқёси инфрасохтори «МегаФон Тоҷикистон» имконпазир гардид. Мутахассисони техникии ширкат таҷҳизоти иловагӣ насб намуда, инчунин таъминоти барномавии пойгоҳҳои базавии 4G-ро нав менамоянд. Дар навбати худ технологияи нав дар минтақаҳои аз ҳама сераҳолии ҷумҳурӣ, шаҳрҳои бузург ва марказҳои ноҳиявӣ амалӣ мешавад. Аллакай ҳозир фарогирии Pre-5G40%-ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки суръати баланди интернети мобилӣ қариб дар нисфи ҳудуде, ки дар он алоқаи 4G ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мавҷуд мебошад, дастрас аст. Дар оянда ин технология тамоми шабакаи операторро фаро хоҳад гирифт.

Технологияи Pre-5G дар бисёри смартфонҳои дар Тоҷикистон фурӯхташаванда дастрас аст. Муайянсозии мутобиқати дастгоҳи мобилӣ бо шабакаи Pre-5G тариқи шиносоӣ бо тавсифи хусусияти смартфон имконпазир аст. Дар рӯйхати стандартҳои дастраси алоқа бояд яке аз номҳои технология: Pre-5G, LTE-Advanced, LTE-A ё 4G+ мавҷуд бошад. Барои фаъолкунии интернети баландсуръат кофӣ аст, ки дар танзимот тугмаро бо варианти Pre-5G фаъол намоед. Пас аз ин аломати зарурӣ дар экран ба ҷои аломати 4G пайдо мешавад.

«Ҳаракати мо сӯи такомули техникӣ аз хоҳиши мо ҷиҳати таъминсозии муштариён бо сифати беҳтарини алоқа асос мегирад. Бо амалӣ намудани Pre-5Gмо дар соҳаи интернети босуръати мобилӣ инқилоби навбатӣ ба амал меорем, яъне мо ба орзуҳои мизоҷони худ берун аз интизориҳояшон, то ҳадди имкон беҳтар ҷомаи амал мепӯшонем», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 2, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар